Аждарҳои  кайҳони аз саёраи "Аргус - 999"



                                                               (ҳикояи тахайюлотӣ)



   Кишти бо суръат пеш мерафт. Кайҳонавардони иронинаждод,-Бежани Бармакиён, Ромини Сосониён ин сафар бо хеш астронавтҳои фаронсави - Морис де Россар ва Жан Луи Анриро бигирифтанд. Пас аз он ки бо фарансавиёну америкоиён, чопониёну олмониён саёраи ғайриоддии  дорои мавҷҳои ноаёнро кафш намуданд, пажуҳишҳои тулони ба хулосае овард, ки шояд саёраи мазкур маркази интеллектуалии Каҳкашон асту равишу низомаш тавассути ин саёра идора  шавад. Гарчанде, ки пажуҳишҳо ба анҷом  нарасида буданд, вале кайҳоннавардон бояд ба Замин бармегаштанд, зеро буронҳо оғоз ёфта имконияти кориро маҳдуд месохтанд. Киштии фарансавиён дар вартаи туфон бимонд роҳи  ба он наздикшави набуд ва ногузир то мавсими ҷадид бояд ин ҷо мемонд. Чопониёну олмониён бошанд бармаҳал саёраро тарк гуфта буданд. Астронавтҳои фаронсави  нахостанд, ки бо бо америкоиён дар як кишти бишинанд, лофзаниҳои янкиҳо ба дили ҳама зада буд.

   Ҳамагон хомӯш банди андешаҳои хеш буданд. Кишти тадриҷан ба фазои тумани арғувонии саёраи "СК-55" ворид мегашт. Ногаҳ такони сахте рух дод. Киштинишастагон бо таҳаюр ба ҳамдигар нигариста монданд. Маниторҳо нуқсону калавишеро  қайд насохтанд. Ва ин лаҳза  андар манитори назорати беруна киштии азиме пайдо шуд.
-Бежан! Равишро дигар бисоз! Фарёд кард Морис.- Ин роҳзанҳо  аз саёраи "Аргус-999"-анд.
Бежан фавран равишро 180 дараҷа тағир дод. Ва он аз манитор  нопадид гашт, вале фосилае нагузашта боз пайдо шуд, кунун он пасноки бо дарҳои воз  ба самташон  ҳаракт намуд ва сонияе пас бо ҷазобияти фавққулодае киштиро дохили хеш кашид ва он ноаён ба самти аждар равон шуд. Кайҳоннавардон аз ин руйдоди даҳшатангезу гӯшношунид моту маҳбут буданд. Бежан хешро зи фазои кархати берун кашида тугмаи нурро пахш бинмуд. Дар як сония аз дарвозаҳои воз ному нишоне намонд. Кишти нидои фиғонмонанде бароварда фирор бинмуд. Морис фармуд, ки ҳама паси силоҳҳои нурӣ бигузаранд, зеро аждар бармегардад, то моро бо киштиамон асир бигирад. Аз Ромин дархост, ки мавҷи робитаашонро фавран биёбад. Бежан, Жан Луи, Морис паси силоҳои нурӣ гузаштанд. Морис хотиррасон бинмуд то ҳама омода бошанд.-Лаҳзае, ки наздик шуд тавассути ҳар се силоҳ киштиро пора пора хоҳем кард... Морис суханашро ба интиҳо нарасонида андар манитор акси киштии роҳзанҳо пайдо шуд, кунун ӯ бо
 суръати барқосо ба самташон ҳаракат мекард. - Худоё! Ин чӣ муъҷизаест? Дарҳои кишти дар ҷояшон буданд
Диққат!!! Фарёд кард Морис. Ҳудуд сония ба сония кутоҳ мешуд.
-Оташ!!! Дар як мижазани кишти ба пораҳо табдил ёфт. -Ана ба шумо иблисзодагон! Нидои шодӣ ба итмом нарасида пораҳо  ба чор киштии азим мубадал гаштанд. - Худоё! Ин чи даҳшатест? Чӣ бояд кард? Морис ба андеша фуру рафт. Роҳзанҳо наздик меомаданд.
-Ромин! Мавқеи мавҷро муаян бисохтӣ?-пурсид Морис.
-Бале!
-Пас зуд мавҷро фалаҷи бинмо то робита бо саёра бурида шавад ва барномаи бифирист то онҳо  барзиди  якдигар  ба набард дароянд, зеро ин аждарон бе астронавтҳо парвоз карда истодаанд. Фосила то кишти барқосо маҳдуд мешуд, вале аждарон  ногаҳон  самти ҳаракаташонро тағир дода  ба ҳамдигар дарфтоданд. Набарди шадиде  рух дод, ки онро ҳатто дар синамоҳои даҳшатангез дидан ғайри имкон буд. Киштиҳо таркида  ба ҳазорҳо пораву зарраҳо мубадал гардида дар фазо паҳн шуданд. Оромии тасвирнопазире ба миён омад. Бовариашон намеомад, ки аз чанголи аждарҳои кайҳонӣ наҷот ёфтаанд.
-Морис чӣ тур ту онҳоро шинохтӣ? - пурсид Бежан.-Ман перомуни вуҷуд доштани чунин аждарҳо ҳатто тассаввуроте  надоштам.
-Ман ҳам низ маълумоте надоштам, ки роҳзанҳои кайҳонӣ вуҷуд доранд. Боре тасодуфан  ба дастам асари уфолог Жерар де Моране -"Роҳзанҳои кайҳонӣ" афтид. Ӯ нигоштааст, ки дар яке аз Каҳкашонҳои наздиктарини мо галаситораҳое  вуҷуд доранд, ки сокионашон раийати Иблисанду пайваста ба дуздию роҳзанӣ машғуланд. Он ашхосе, ки ҳар сол аз саёраи мо  ғайб мезананд, ин ҳама маҳсули дасти онҳост. Ба дом афтодагонро чун маводи озмоишӣ истифода мебаранд. Дар хотиратон бошад дар ҳазораи гузашта кишваре бо номи Шӯравӣ вуҷуд дошт. Идораи комили кишвари мазкурро намояндагони саёраи "Аргус-999" дар ихтёр доштанд. Ташаккули интеллектуаливу технологиашон низ дар асоси дуздӣ нуму меёбад. Агар таваҷҷуҳ намуда бошед, киштие, ки ба мо ҳуҷум кард ниҳоят азим буд, он бояд моро бо киштиамон асир мегирифт. Онҳо сипас асрори киштиро нусхабардори намуда моро чун ғуломони ителлектуали истифода мебурданд. Вале ман ҳеҷ гоҳ инашро интизор набудам, ки пас аз аз пора пора шудани кишти онҳо боз ба киштиҳои алоҳида  табил ёфта ба ҳуҷум мегузаранд.Ман перомуни чунин технология маълумоте надоштам. Онро низ аз куҷое дуздиданд...
Ва ин лаҳза андар манитор Замин намоён шуд. Чашмонашонро сиришк зер кард. О, то чӣ дараҷа ширин аст дидори ин саёраи кучаки дар Каҳкашони беканор танҳо монда.
  



                                            Ҳабиб Саид       соли 1992     Душанбе