Графоманҳои як диёр


                                                         Графоманҳои як диёр
                                                                    (гротеск)
   Соатҳои тӯлонӣ ба ойна менигаристу пешонаи мӯйзеркардаву чашмони беифодаву даҳони хурду дандонҳои бетартиб ҷойгиршудаашро, нишонаи хирадманди шаҳр медод ва дар ботинаш умеди ниҳонии адиб шудан дар туғён буд. Ақидаи комил дошт, ки барои адиб ҷуъзи аввалини ба зинаи шӯҳрат баранда намуди зоҳирист. Бинобар ҳамин, атри арзобаҳое, ки аз дӯкони деҳа ба даст меовард, ба ҷеҳраи нобиғонааш пошида боқимондааш ба гӯлӯяш мефаромад, то андешаҳои рангине, ки дар фазои тахайюлоти адибон зуҳур мекунад, дар сари ӯ ҳам қадам ранҷа бифармояд, мутаассифона ин лаҳзаҳо ба ғайр аз нияти меъдаро пур намуданд, дар каллаи афлотунонааш дигар фикри “муқаддасе” падид
намеомад ва аз ин бетақдирӣ ба шӯру ситезиш омада ба самти тақдир дашному хориҳои зубдатаринро равон месохт.
   Модар аз ғазаби даҳои ягонааш, ки ба ҳазорҳо азобу шиканҷаҳо ба арзи вуҷуд овардааст, ба ташвиш омада ҳол мепурсид ва кампири шӯрбахт мефаҳмид, ки ба сари писари бепадар парваридааш мурғи илҳом қадами муборакашро намегузоштааст, малул гашта мегуфт:
- Кулӯхалиҷон, о худатро азоб дода мегардӣ? Ҳамун мурғҳои худамона яктеша гири намешавад мӣ? О, тухмҳояшон калон ку, боз он сабилмондаи мурғи илҳомат тухм намекардааст, нозу нузаш бина а?...
Баъди чунин насиҳатҳо алами адибӣ оянда даҳчанд мегашт. Наход волидайнаш бидуни номи Кулӯхалӣ, баҳраш номе наёфтаанд? Бинобарин ба худ тахаллуси муносибу дурахшони Фурӯзонфар Зарриндастро зери чашм карда интизори рӯзҳои ба нардбони шӯҳрат часпидан буд. Ӯ бо ҳамдиёраш Қурут Ортуқмуродов, ки бо тахаллуси беҳамтои Ахтари Гардун дар саҳифаҳои матбуот фурӯзон гашта меистод, бо ҳасад менигарист. Ӯ ба куҳандизи адабиёт бо ҳуҷумҳои барқосо зада даромадани буд, то ҳамаро дар як лаҳза зери тасарруф гирад. Дар ҷабҳаи эъҷоди ӯ каму беш таҷриба андӯхта буд. Дар рӯзномаи девории фермаи деҳа “Чакаи такка” ӯ ки дар он ҷо байтор шуда кор мекард, дар бораи манбаи илҳомашу ситораи фурӯзонаш, говҷӯши имрӯзаву зани ояндаи адибӣ номдори диёр Фурӯзонфар Зарриндаст - Қурбонгул ду хабарча дарҷ намуд, ки дар онҳо услуби ӯсмакашии нигораш васф карда мешуд. Пеш аз он ки ба кохи эъҷодиёт ворид гардад, ба ташкил намудани ҳуҷраи кориву китобхонаи шахсиаш пардохт. Ҳуҷраи кории эшон аз мизи аз даври доқёнус монда курсии пойшикаста, чароғи бесарпӯш, расмҳои ғизодиҳандагони илҳому хаёлоташ Қурбонгул, ҳамдиёри дар ҳафт иқлим машҳураш Ахтари Гардун, деворро оро медоданд. Рафҳои чангзеркардаро китоби Ахтари Гардун “Аёми гули кӯкнор бӯса майли ту дорад, эй нозанини маркабсавор” ва “ Ҳангоме, ки говҳо маос мезанад”, “Услубҳои сунъии бордоркунӣ модаговҳо”, “Дандонатро шӯй”, “Аз гӯшти шохбинӣ чӣ гуна тушбера тайёр кардан мункин аст”, “ Пашша дӯст ва душмани шумост”, ва маҷмуаи шеърҳои шоири оташинсухану мӯйлабдарозу миёнборик, ҳамдиёри шӯҳратмандаш Субур Убур “Дар кафшакои пот ҷонуме маълимаи ҷун” ва шумораи “Чаккаи такка”, ки эшон сармуҳаррири он буданд - ҳамаш буду шуди китобхонаи адибӣ ояндаи диёрро ташкил медоданд.
Ӯ ҳодисоту воқеоти рӯзмараеро, ки дар он гавҳарҳои барои адабиёт нодирро дарк мекард, фавран сабт месохт, ки дар оянда онҳо бояд ҳамчун ҷузъиётҳои асосӣ ба саҳифаҳои романи нотакрори коинот ворид мегардиданд. Ин чакидаҳои килки эшон чунинанд:
“Дирӯз мурғи камрир Асалгул бе хурӯс тухм кард, ки муаммои фавқулодаест барои илми мурғшиносӣ”, “Ҳалими Каҷпоро кампир Асалгул, имрӯз ҳангоми дуздӣ дасгир намуд, ба ғайр аз тухм аз бағали дузд кампир кафшҳои ду сол пеш гумкардаашро низ ёфт”, “Ҳусейни Калта ҳамсояш Қодири Найро ба суд дода даъво намудааст, ки Қодир бо найкашиҳои дуру дарозаш кадуҳои ӯро афсун сохта аз девор ба тарафи худ гузаронидааст”, “Имшаби моҳтобиро бо Қурбонгул дар атрофи деҳа гузаронидем, дар бораи аҳмияти ҳуқна дар шароити баландкӯҳ сӯҳбати ошиқонае оростем”, “Дар тӯйи мудирамон Қудурмуродов, говбонамон Самади Калларо раққоса ба рақс кашид. Ҳангоми арғӯш рафтан аз бағали Самадбой чойники шаъмадор афтида пора пора гардид, дертар маълум шуд ки Самадбой чойники тӯй табаррукӣ гуфта ноаён онро ба бағалашон гузоштанд. Ин нишонаи он ки дар фермаамон корҳои атеистӣ ниҳоят суст ба роҳ монда шудааст”, “Ин бегоҳ дар хонаи муаллим Бӯсамулойимов шабнишини адабӣ баргузор гардид, ки дар умрам бори нахустин сери арақ хӯрдам, аҷаб кайфе доштааст арақи бепул”, “Зоотехники ҷавон Пойандозов услуби нави сарфакориро дар соҳаи чорводорӣ ба амал татбиқ кард. Акнун ба модаговҳо ба ҷойи хӯриш, мусиқӣ мешунавонанд, боиси хурсандист, ки сифати шир ниҳоят баланд гашт ва дар оянда мутахасиси ҷавон услуби мазкурро дар оилаи худ амалӣ карданист, ба ақидаи ӯ аз ин дар як сол 4 ҳазор сӯм фоидаро ба киса мондан мункин”, ”Имрӯз шеър эҷод кардам, ки “Ба машомам наҳкати қурутобӣ ёр мерасад”, ном дошт, ба Қурбонгул хондам, бисёр хушнуд гардид. Аз биниам бӯсида гуфт ки Кулӯхалиҷон намедонистам, ки шумо шеъри то ин дараҷа бомазза менавиштаед. Баъди шуниданаш ҳис кардам ки гӯё ҳозиракак қурутоб хӯрда бошам ва мисраъҳои:
                              Меъда аз холигӣ омад ба дод,
                              Бӯйи қурутоб омад ба ёд
-ро навишта гирифтам”, “Дирӯз хабар расид, ки устод Ахтари Гардун ба зодгоҳи муқаддасашон ташриф оварданд, ва дарҳол ба зиёрати он бузургвор шитофтам, чӣ қадар ҳурмату обу иззат. Устухони аз ҳама калонтаринро ба назди он нобиғи замон гузоштанд, устод оши палавро бо чангак хӯрданд, ки нишони маданияти баланди он касро нишон дод. Бо устод сӯҳбат оростем ва нақшаи хешро баён сохтам, ба он кас “мавлоно” гуфта муроҷиат намудам, ки аз ин бениҳоят хушнуд гаштанд”...
   Романи аср ба худ “Ҳангоме, ки гусолаҳо говҳоро мемакиданд” бояд ном мегирифт. Роман аз ҳодисаи фақулбашаре аланга гирифта ҳамаи пастиву баландиҳои ҳаётро вожгун месохт.
   Говбони дилсяҳу говҷигар Сиёвушро(Самади Калларо) комсомолдухтари ҳурсимову малеҳбадан Фирӯза(Қурбонгул) ҳангоми ҷинояти асрро содир намудан, ба қаймоқи ҷамъиятӣ нон тар карда хӯрдан бо як ҷасорати гурдофаридонае дасгир менамояд. Ва ин ҳодисаи ба шаъни аъзои дастаи сухторхомӯшкунандагону гавдумнавози гурӯҳи “Дар сари калут ҷонуме эй духтари қишлоқӣ” нанговарро ба муҳокимаи умум мегузорад. Сарвари комсомолону танқидкунандаи оташинсухану хушадо Фирӯз Дониш(Кулӯхалӣ) ин ақидаи говҷӯши моҳиру нодирро тарафдорӣ намуда фавран дар соати сеи шаб маҷлиси таъҷилӣ даъват менамояд. Комсомолон говбони сияҳкору муфтхӯрро зери борони сахти танқид гирифта собит менамоянд, ки ин бадбахтӣ аз дунёи иқтисодиёт бехабар, бо ҳар як нонро ба қаймоқ тар карда ба меъда равон сохтанаш ба чаъмият 0,1 тин зарари даҳшатангез меоварад. Раиси созмони косибон Сулаймонзода(Пойандозов) аз ин рафтори ба шаъни аъзоӣ созмон ношоям ба ғазаб омада Сиёвушро аз навбати гирифтани калӯшу хаскӯлоҳ маҳрум месозад. Ин маҳрумият ба иззати нафси Сиёвуш сахт мерасад. Ва аз ин таҳқири ба шаъни говбони  дараҷаи якум назебанда, эшонро маҷбур месозад, ки ба суди умумисайёравии Гаага муроҷиат бинамояд. Бо ин фабулаи ин шоҳасар рух мегирад ва рафта дар романи вопасини 16 ум “Чаккаи ёри аёр” бо пирӯзии раиси созмон Сулаймонзода ба анҷом мерасад. Ҳангоми ташаккули ёфтани ҳодисоти асари даҳоёна муаллимаи деҳа Дилафрӯз(модараш кампири Қузратбибӣ), мӯйсафеди нуронӣ Шӯҳрат Бобо(тағояш Кали Теша), директори мактаб Салимзода(муаллим Бӯсамулойимов), Манижа(зани говбон Самади Калла Мушунгой), муфатиши ҷавон Далер Акбарӣ(писари холааш Қушқорбег) ба роман бо нақшҳои гуногун ворид мегарданд.
   Рӯзе кабку мурғи бирён ва ҳар гуна хӯришҳои лазизро, ки ба меъдаи мавлоно Ахтари Гардун фаромаданро меписандиданд, гирифта роҳи марказӣ шаъну шӯҳрат шаҳрро пеш гирифт. Мавлоно тӯшаи адибӣ ояндаву ифтихорӣ миллату замон Фурӯзонфар Зарриндастро дидан замон ӯро сахт ба оғӯш кашида ва аз пешонаи эшон бӯсаҳо ситонда хайру мақдам гуфтанд. Ва оҷилан ба сӯҳбати маҳрамона гузаштанд. Фурӯзонфар Зарриндаст шармида шармида ба устоди бузургвор нақшаи барқосо ба ҷабҳаи  адабиёт ворид шуданашро баён намуд. Мавлоно Ахтари Гардун аз курсии дусадсӯмаашон хеста дастони табарруку чун дасти самбӯзапаз равғанинашонро пеши бар гирифта ба ваъзи заррини хеш, ки оянда дар саҳифаҳои тамаддуни инсонӣ сабт мегашт оғоз намуданд:
- Офарин писар!Офарин ҷону ҷигар! Чанд дақиқа пеш дар сари камина фикри афлотунонае падид омад. Фарде, ки бо чунин нигориши рафаелона кабку чуҷаи колхозиро бо пиёзу гашниз оро медиҳаду равғани маскаро чун косибони олмонӣ бо як ҳунармандии олие ба селофан мепечонад, бояд аз ӯ адибе, ки ифтихори сайёраю коинот аст, барояд. Ин ниҳоят олиҷаноб мешуд! Се ёр аз як диёр – Ахтари Гардун, Субур Убур, Фурузонфар Зарриндаст! Ниҳоят кори хайр кардед ки номи Кулухалӣ Сабӯсовро бо тахаллуси дурахшону яктои замон Фурӯзонфар Зарриндаст иваз намудаед. Ба ин мӯйсафедону капирони тиҳимағз, ки то ҳанӯз қурутобро бо даст истеъмол менамоянд, чӣ тур фаҳмонидан мункин аст, ки ба адиб чунин ном намениҳанд. Тахаллус асоси эҷодиёт аст! Тахаллус набудани ҳамаи он чизеро ки бе он адиб шудан мункин нест, мепӯшонад, Ҳамин тахаллуси олиҷаноб буд, ки каминаро ба минои шӯҳрат барафрохт. Дӯстам, ман дар ин ҷабҳа каме шитоб намудаам, махсусан тахаллуси Симинбари Қурутбегӣ ба камина бештар мегуфт. Тасаввур бинмоед, ки дӯсти азиз тавассути тахаллуси даҳоёнаи ман,зодгоҳи азизам, манбаи илҳомам Қурутбегӣ, ки ман барин фарзанди беҳамторо ба арзи вуҷуд овардааст, абадан ба саҳифаҳои таъриху тамаддуни инсонӣ ворид мегашт. Чӣ тавр пас аз сари ман, ворисонам номи маро дар сайёра сабт намуда бо камина мефахриданд. Тасаввур намоед, ки ҳама ин то чӣ дараҷа фараҳбахшу гуворо мебаромад: “Фермаи тимсоҳпарварии ба номи устод Ахтари Гардун”, “Молхонаи бо услуби суънӣ  бордоркунии ба номи малоно Ахтари Гардун”, “Кадузори намунавӣ ба номи нобиғаи адабиёт Ахтари Гардун, ки фаъолияти эҷодиашро дар ин ҷо оғоз намудааст”, “Корхонаи қурбоққапарварии деҳаи Қурутбегӣ ба номи фарзанди номдори диёру миллат - Ахтари Гардун”, “Дастаи фидоёни бо мубориза зидди кайк, ба номи сардафтари адабиёти сентиментализим(мучӣ мучӣ кардан) Ахтари Гардун”. Дар бораи ҳайкал аз ҳоло фикр намудан лозим, чунки пас аз сари мо душманон зид баромаданашон мункин, писар. Бинобар ҳамин дирӯз бо ҳайкалтарошу меъмор дар тарабкадаи “Духтари амма” сӯҳбати адибонае оростем. Гуфтагӣ барин хотирасон бинмоям, ки ҳардуяшон ҳамдиёрони моянд.Он фарзандони нобиғадиёри мо ирсол доштанд, ки устод мо ба шумо чунон ҳайкале гузорем, ки ба ягон нобиғаи Коинот насиб нашуда бошад! Мо пайкари шуморо баръакс, саратон ба зер, пойҳоятон ба самти гардун чун ду мушаки ба ахтарон нигаранда мегузорем. Зери саратон китоберо мегузорем, ки ба қари Кайҳон фурӯ рафтани шуморо таҷассум месозад. Дар болои поятон буз меистад, ки ин рамзи беқарорию азобҳои рӯҳӣ, шабҳои бехобию чашм дар роҳи маҳбуба, бӯсаҳои ба бод рафтаю маишатҳои барпо нагаштаю зиндагии ноором. Дар даҳонатон себ меистад, ин умумият шуморо бо ҳазрати Одам наздик менамояд, яъне берун ҷастанатонро аз чорчӯбаи адабиётро нишон медиҳад. Дар болои дасти ростатон зангиписаре меистад, ки дар як дасташ китоби шумо “Қулфи бедар” дар дигараш завлонаҳо, ки пас мутоилаи шоҳасаратон баркандааст. Дасти чапатон хареро мебардорад, ки дар болояш саворони зиёде дорад, ин маркабсаворон онҳоянд, ки аз тири танқиди оташини шумо рӯ ба фирор ниҳодаанд. Аз муҷассамаи шумо дуртар ҳайкали сарчашмаи илҳому шаъми шабҳои торатон Сусина(Саодат хонум) ба фалак сар мебардорад. Дар наздатон гавҳораи нахустин фарзандатон Фифи(Фаромӯз) меистад. Ва завҷаатон ба тайёр намудани хӯруши дӯстдоштаи шумо қурбоққабирён бо услуби фаронсавӣ омоданд... Чӣ тавр пас аз сари ман наберагону аберагонам, дар назди муҷассамаи бобои дунёгирашон посбони фахрӣ хоҳанд истоду арӯсу домодон гулчанбарҳо гузошта ӯҳдадорӣ мегирад, ки адади сокиони деҳеро, ки чунин нобиғаро ба арзи вуҷуд овардааст зиёд хоҳанд кард. Чӣ тур занҳои безуриёт бо ҳазор умеди ниҳонӣ ба зиёрати камина хоҳанд омад. Ба ҳар ҳол гӯед писар аз душманони ашадиам Бури Қараю Калли Таваккал метарсам, -“ин худаш, кӣ шудааст, ки имрӯз ҳайкалашро гузоштаанд, то дирӯз мокати мурғу қурут дуздида мегашт. Ин ҷойро алафаш ҷудо ҳам боб будааст” гуфта харҳояшонро оварда мебанданд. Сари роҳи ин ҷинояткоронро, ки пешгоҳи ҳайкали нобиғафарзанди диёрро ба чарогоҳи  харҳояшон табдил доданианд, бояд гирифт.
   Ҳоло писар, ба кори эҷодии шумо мегузарем. Ба шумо чун адибӣ номиву устодӣ чирадаст, ҷузъиётҳои одитарини романнависиву услубҳои ба нордбонӣ шӯҳрат часпиданро шарҳу эзоҳ бояд бидиҳам. Шумо перомуни яке аз симоҳои асосии шоҳкориатон комсомолдухтар, говҷӯши зарбдор, аъзои дастаи худфаъолияти “Дегу кафгир” Фирӯзаҷон ҳоло бо ҳарорату нафосати шоиронае сухан бирондаед. Фирӯзахон чун духтари ба зинаҳои олии тамаддун расида бояд бепоҷома тасвир биёбанд. Баҳри он ки хонандаро ба самти худ майл намоед ва дилашро ба ҷӯшу хурӯш оваред пойҳои нафису булуринашро бо як ҳарорату навозиши эҷодкорона васф бинмоед. Дар адабиёт ибораи лиризим вуҷуд дорад, яъне ба забони худамон ”дар поҳакот ҷонуме духтари хола” гуфтанӣ гап. Агар чунин саҳнаҳои дилхӯрушро бештар тасвир месохтед, бовари комил дорам, ки романатонро умри ҷовидона насиб мегашт. Дар шоҳкории шумо танҳои як манзараи бо сабки лиризим кашида шуда вуҷуд дораду халос. Бусобӯсии Фирӯзахонум бо комсорги оташинсухану сайёди дилҳо Фирӯз Дониш дар оғил сурат мегирад, ки ин аз як тараф ба сифати шири модаговҳо бетаъсир намемонад. Сониян хонанда худ ин услубро пеш гирифтанаш мункин. Саҳнаҳои бӯсобӯсӣ бояд дар дашти беканор,болои теппае ҳангоми раъду барқ гузарад.
Фирӯз Дониш ба Фирӯзаҷон наздик омада;
- Рафиқаи мӯҳтарам Фирӯза Шоировна иҷозат фармоед, шуморо аз номи коллективи фермаи шири молӣ рақами 189 ба номи сардафтари адабиёти  булварӣ (Биё духтари хола боғи боло барумта) Симинбари Қурутбегӣ, ки имруз ӯҳдадории чакафурӯширо иҷро бинмуданд, самимона бибӯсам. Агар чунин саҳнаҳои дилрешкунандаву лабро ба бӯса моилкунандп бештар мебуданд, шоҳкориатон бечуну чаро ҷоизаи Нобелро ба ҷайби худ мегузошт. Мутаассифона ба ғайр аз бӯсобӯсиҳои Фирӯза бо марди нексиришту мухлиси ашаддии қурутоб Фирӯзали Донишбой чунин манзараҳои касро ба илҳомоваранда ангуштшуморнанд. Агар муаллима Дилафрӯз бо раиси  иттифоқи касаба Сулаймонзода бо бӯсобӯси медаромаданд, ниҳоят олиҷаноб мебуд ва дар ин ҷо бисёр саҳнаҳои урёнро истифода баред, ё чӣ хеле, ки дар адабиёт мегӯянд “порнография”. Яъне ба забони худамон “Ку духтари хола либосот?” - гуфтанӣ гап. Муваффақияти яке аз шоҳасарҳои ман “Гӯсолаи хархӯрда” дар он аст, ки дар чанд ҷой янгаатонро бо услуби порнография нишон додам. Хӯруши роман аз он сар мезанад, ки говҷӯши зарбдору малеҳбадану ҳурсимо Фирӯзаҷон, ҷинояткори сонӣ, ки кулоҳи Картушро ба сари бемағзаш гузоштааст, говбони дараҷаи аввал Сиёвушро ҳангоми ҷинояти асрро содир намудан, яъне ба қаймоқи ҷамъиятӣ нонро тар намуда ба меъдаи тимсоҳонаш равон сохтан дастгир менамояд. Ин рафтори падари ду писару тағои се ҷиян, комсомолдухтари покдоману симинбадан Фирӯзахонро чунон ба даҳшат меорад, ки вай пӯшидани пойафзолро фаромӯш сохта, доду фиғонкунон, мӯйканону рӯйканон ба самти идораи колхоз медавад. Мутаассифона дар ин ҷо ҷузъиёти носаҳеҳе афтодааст, ки афпазираст. Агар шумо Фурӯзонфаралиҷон ваъзиятро саҳл тағир медодед, ниҳоят олиҷаноб мебаромад. Сиёвуш пораи нонро неву фатири азимеро ба қаймоқ тар мекард мегуфтед, ба назари хонанда даҳшату зарари иқтисодиву маънавие, ки ин яғмогари хунхор ба кисаи мову шумо барин мардони меҳнати ҳалол мерасонад ба назари хонанда баръало намоён мегардад ва хонанда аз ин рӯйдоди ғайриодие, ки шумо ба ӯ пешкаш намудед, фавран  истеъдоди нотакрои шуморо дарк месохт. Дар ин романи беҳамто, ки тамаддун мислашро надидааст, дигар иштибоҳе ба назар намерасад. Дӯстӣ чун қаймоқ лазизи ман, Фурӯзонфаралибойҷон камина аз мақсаду мароми даҳоёнаи шумо бениҳоят хушнудам, ки боз як ҳамдиёри қаламдарози мо номашро дар дафтари таърих сабт хоҳад гардонд. Бисёр нияти савоб намудед ки дарҳол ба назди худам омадед, бепушту паноҳ писари ба ҷону ҷигар  баробар, ба аспи адабиёт савор шудан амри маҳол аст. Агар худораҳматии падарарӯсам Абдуқусурбегии Рӯмонӣ яке аз мусаҳҳеҳони номии аср, ки дар як саҳифа ҳамагӣ ба 99 хатогӣ роҳ медоданд, намешуданд, магар ман самбӯсапази одӣ, то дараҷаи адибӣ рақами яки кишвар мебаромадам. Вақташба гӯед дуди самбӯсапазия мо фалакба баровардагӣ, марҳамат ягон адибӣ ординдораш мард шаваду аз ним кило гӯшт, 100 ҳазор самбӯса пазад! Инро танҳо марде ба субот расонида метавонад, ки дар баданаш хуни диёри адибпарварӣ мо ҷорист. Ман ҳамҷун фарзанди номиву азизи диёр, то охири умри муборакам бояд ҳазор китоби беҳамтое бинвисам, ки дар хазинаи заррини адабиёти Каҳкашонҳои кашфшудаю кашфнашуда абадан ҷой биёбанд. Ва миллионҳо сол пас бостоншиносону муаррихон ҳангоми ҳарфиёт, онҳоро дарёфта бо он симои асри нобиғапарвари моро муаян хоҳанд сохт. То кунун матбуоти сайёра чун носири сермаҳсул, адибӣ антрактидагӣ Айзек Азимовро, ки ҳамагӣ чорсад китоб таълиф намудааст, васф менамуданд. Ҳангоме, ки китоби чосаду якуми камина “Хуруси бемокиён”-ро таълиф намудам, рӯзномаи “Фигаро Мегезин” акси гарданамро “Гардинан” расми мӯйлабамро, “Ню-Йорк Таймс”и номӣ бошад сурати туфлиамро дар саҳифаи якуми худ ҷой доданд. Радиои Би - Би - Си маро устоди олими намоёни ҳабаш Агата Кристи хонд, ки ин ҳама шарафи диёри адибпарварӣ мост.
   Кунун чанд панди падарона, шумо ифтихори диёри куҳану рангини мойед, аз ҳоло бояд ба нақши адиб дароед. Рафтор, сухан, андом, симоятон аз инсони одие, ки номаш дар саҳифаҳои таърих сабт намегардад, тафовут дошта бошад. Пеш аз ҳама услуби суханронии олимонаро аз худ намоед. Ҳамчун китоби “Химияи ғайриорганикӣ” ҳарф занед. Чуночи бо бонуи обфурӯш, “Хонуми мӯҳтарам, ба ман дар зарфи ҳаҷмаш 0,2 л моеъи аш ду о бо иловаи гази карбонат бирезед”. Ё ин ки ба носфурӯш: “Мисе, аз хокае, ки ба он тамоку, оҳаки ношукуфта, саргини мурғ илова шудааст 0,1 фунт ба мизони электрони лазерӣ бигузоред, мерсӣ” Ё ба маъшуқаи деҳотие, ки бори нахустин вориди шаҳр бишудааст. “Эй, гамбусаки чун глюкоза ширини ман, иҷозат фармо аз лабони ҳамчун хокаи оҳан арғувониат, чун туруши сулфати чорвалента бӯсае ситонам” Ҳадафи адиб ин аз худ вонамудани он касе ки дар асл вуҷуд надорад. Асос эҷодиёт не, балки он ниқобе ки ба симоят мекашӣ! Ҳар рӯз ба назди камина даҳҳо шӯҳратталабҳо меоянд, вале аз дар надаромада ман медонам, ки дар назди ман, кӣ истодааст. Адибӣ ояндадор аввал дарро саҳл во менамояду чун бону серноз табассумкунон: “Муаллимҷон, наздакатонба даромадан, мункин мӣ? Дар мӯйлаби равғанинатон садқа, ҳамин гуед як хабарча овардам” гуфта аз гурбаи хона оғоз намуда то маркаби дар деҳа будаи бобоямро мепурсад. Ҳангоме, ки камина шоҳасарчаи бо услуби хабар нигоштаашро мутоила менамоям, соҳибаш дастони муборакашро пеши бар гирифта,”Хуб домуллоҷон”, “Хуб мавлонои бузургвор, банда дар хизмати шумост”, “Бай бай дар овози ширинатон ҷонаме домуллоҷон” гуфта бо ин боадабию ширинсухании шоҳонааш хотираи бандаро шод месозад. Ин тоифаро хар, гов, ҳаромӣ ҳам гӯед табассуми латиф аз лаби равғанолудашон дур намегардаду онҳоро чун маркаб полон бизада савор шавед ҳам, табассум хоҳанд намуд. Гурӯҳи дуюм баръакси якум аст. Ҷиддӣ салом дода медароянд, дар симояшон ягон гуна нишонаи хушомадгӯйиро намеёбед, боодобона мепурсанд, ки “Муаллим, агар имкониятатон бошад, ҳикояи мазкурро дида мебаромадед ва фикратонро баён месохтед”, то ки каминаро нисбат ба соҳибистеъдодҳои ҷавон сарддил наҳисобанд, эшонро бо ғамхории падаронаву суханпардозии бонувона хайру мақдам мегӯям. Бо чунин хунгарму пурғурурон беҳтараш ба баҳсу мунозира надароед, ки дар як лаҳза майнаи пукатонро паҳну парешон сохта мепартоянд. Агар чунин тоифа дар адабиёт маъво гирад, вой бар ҳоли ману шумо барин бузургон деҳаи Қурутбегӣ. Бинобарин ҳамин кушид, ки онҳоро филфавр аз сари охури адабиёт дур сохт. Яке аз шогирдони беҳтаринам Абуҳамиди Суярқулро, ки зодаи ҳамсоядеҳамон Кадучи мебошад, котиби масъули маҷалаи “Садои графоман” таъин кардам, маро бо меҳр таға мегуяд, ӯ чун шери жаён бегонагону қаламбадастоне, ки каминаю диёри адибпарварӣ моро эътироф кардан намехоханд, аз гиребонашон гирифта аз ошёнаи дуйюм лагадборону дашномкунон ба поён фарорада аз даргоҳи  муқаддаси куҳандизи адибонӣ асилу номвар берун меафканад ва корчаашро аз чайбайш берун кашида пеши назарашон чарх мезанонад, то дигар пойи нолоиқашонро ба даргоҳи мубораки мо нагузоранд. Бегонагоне, ки даъвои адибиро доранд, то охири умр лагаду дашномҳои намакину кордчаи дурахшони шогирди аз дохилӣ қабилаи лақай баромадаи каминаро фаромуш нахоҳанд кард. Ният дорам, ки аз байни қабилаҳои ба диёри мо дӯстӣ лақай, қарлуқ, қунғурот, қатағану барлос шогирдони зиёде тайер кунам, то эҷодиёти каминаро ситоишу дифо кунанду дифогари диёри нобиғапарварӣ мо бо қаламу кордча дар фазои адабӣ бошанд.
   Бартарии шумо шикаму ҷигар, нисбати дигарон дар он аст, ки шумо аввалин байторед, ки дар таърихи тамаддуни инсоният дар сари дастурхони ҷамшедонаи адабиёт ҷой мегиред. Худоба шурк даромадаш бад нест. Ду се сол пас мебинед, ки канизакон туфилиатонро бо равғани маска ҷило додаанду ҳар рӯз ду се меваи биҳиштинро бо худ гирифта бо лимузину ронандаи шахсиатон ба сайри мурғи илҳом мебароед! Ҳурзодагон бо дастони нафисашон ба даҳони тимсоҳонаи шумо, қурбоққабирёнро мегузоранд. Ва аз ин хуриши шоҳона ба ангезиш омада хомаи зарринро ба даст гирифта ба эҷоди романи наватон “Чаккаи ёри айёр” мепардозед.
   Дар мо як ду каллатарошҳо ҳастанд, ки дасту остин бар зада бо покуҳои тезашон ба куҳандизи адабиёт ворид шуданд. Дар бораи калла ҷизҳои олиҷаноб менависанд. Як нафар носфурӯшу ду се нафар яхмосфурӯш низ пайдо шуданд, ки аллакай китобҳои панҷуму шашуми худро дар рафҳои фурӯш гузоштанд. Шахсан ба банда ҳикояи носфурӯши собиқу адибӣ намоён муосир, Моҳитобон Ҳамёнҷигарзода “Дар дандони зардут ҷонуме, пула барор” писанд омад. Манзараи ностаёркуниро чунон бо обуранги шоиронае васф намудааст, ки мутоилакунанда гумон мекунад, ки худаш дар чунин маъракаи табаррук ширкат варзида истодааст. Бовари комил дорам, ки ҳикояи мазкур ба хазинаи заррини адабиётамон ворид хоҳад гашт. Шумо писар ин шоҳкориро, бояд ҳатман чун китоби номии банда “Солҳои сагхӯрда” аз ёд бидонед, зеро дар оянда дар эҷод намудани шоҳкориҳои навин илҳому ғизо мебахшад. Шумо шояд дар бораи Нусраттағойгул Субҳонмуҳиддиннуриддин, муаллифи достони беҳамтои “ВТРД 26Г О,3С” хабарҳои биступанҷсӯма шунидед. Даҳогии шоирро бинед, баҳри он ки номи аҷдодонаш дар ҳамиёни таърих бимонад, номи ҳамаашонро дар гирди номи хеш гирд овардааст. Чунон чирадасту айёр аст, ки аз ҳар калимае чизе нарӯйонад онро сар намедиҳад. Чунки он кас мактаби олиҷаноби пивофурӯшию квасфурӯширо паси сар карданд. Ва ин таҷриба ҳангоми муҳорибаи шадид бо калимаҳо ба он кас дасти ёрӣ дароз менамояд. Нобиғагии он аёрро бинед, ки калимаҳои хуку пукро маҷбур сохтаанд, ки то бо ҳам издивоҷ кунанд. Алакай ду китобҳаҷмашон дар меъдаи мухлисони садсӯмаашон маъво гирифтаанд. Дастгирии мо да, писарам Фурӯзонфармаҳмадабдуалиҷонбойқулиддин. Модарашон дар диёри нобиғапарварву шоирпарвари мо ба замин фуруд омадаанд. Шумо шояд шоҳбайти он бузургворро аз ёд донед:
Эй акаи пивахӯр дар ишками калони найнавозут ҷонум,
Дар кисаи бетаги тангадорут ҷонум.
Бинед, болзани фикру орзуҳои шоирро то чӣ дараҷа дар ин мисраҳо манзараҳои табиати хилати арғувони ба бар карда, аёми ишқварзии баҳмутон, садои чалаппосӣ бӯсаҳои нахустини чолу кампирон, баргҳои аввалини арча, ки ҳангоми хазонрез ба замин фуруд меоянд, садои сурудҳои дилнишини зоғон, ки аз дуродур ба гӯш мерасад, овози нафиси саксафони чӯпон, ки ба атроф танинандоз мегардад, духтарони ҳурсимои дар кадузорҳои беканор сайру гашт кунанда...
   Акнун ба мавзуъи ба нардбони шӯҳрат часпидани шумо мегузарем. Баромад дар радиову телевизион, тағрибот дар матбуоту коинотро ба зиммаи хеш мегирам ва ин корро бе кумаки ҳамдиёри шӯҳратмандамон, мунаққиди оташинсухану ошпази яктои замон Суфтамиён Рӯзиалӣ Суфтамиён пеш бурдан маҳол аст. Чандест, ки падари бузургвори диёрамон ба бемории меъда гирифтор шудаанд ва табибон фармудаанд, ки танҳо гӯшти мурғи ҳилол маркази илҳому бахти он пайғамбари замонро табобат карда метавонаду халос. Ва танҳо шумо ливобардори адабиёт, фарзанди ҷони хешро баҳри миллат нисоркунанда баҳодури чун Рустами достон номиву зафарёб, Маҷнуни сонӣ, фатҳкунандаи топосфера, ин нӯшдоруии устодамонро ба пой монандаро муҳайё сохта метавонед. Ҳа, гуфтагӣ барин, портретатон лозим, маънои ин калима ба забони худамон: “Наход ин расми ман бошад?” гуфтагӣ гап. Камина пеш аз он ки расмам ба расми файласуфи муосири Юнон, барон Мюнҳавзен монанд шавад шасту шаш маротиба дар назди дастгоҳи суратгирӣ рост шудам ва танҳо маротиба шастуҳафтум он портрете, ки то кунун ҳамаи китобҳои маро оро медиҳад, баромад. Портрет муҳарики асосии  эҷодкор аст! Ҳамин портрет каминаро дар ҳафт иқлим маълуму машҳур кард. Ҳоло маҷмуаи нахустинам аз дари матбаа набаромада дар матбуот тақризи алломаи замон Суфтамиён Рӯзиалӣ Суфтамиён бо номи мубораки “Аҳмияти портрети муаллиф, дар китоби шоири ширинкалом, нависандаи беустухон, эссеисти якто, моҳидори бешаст, оиладори намунавӣ, гули бенаҳкат, нобиғаи чирадаст, самбӯсапази моҳир Ахтари Гардун” дарҷ гардид. Ҳангоми портрет гиронидан, мӯйи саратонро писар ба пас шона занед, то пешонаи хирадмандонаатонро дида хонанда мафтун гашта бигӯяд: “Аз симои муборакаш аён аст ки ин мардак нобиғаи замон аст” Барои он ки ҳаракати ҷушу хурӯши фикр намоён гардад ба пешониатон каме равғани маска бимолед. Барои он ки чашмони шаҳлоатон ботини пурасроратонро ифода намояд, каме сурма кашед. Кампири модаратон албатта баҳри чунин рӯзҳои заррин, захираеро нигоҳ доштаанд. Дастонатонро ба зери манаҳ гузошта ба тимсоҳе менигаред, яъне ин сонияҳо шумо ба таҳлили муаммои аср машғулед...
   Мавлоно Ахтари Гардун турхалтаи холиро ба нобиғаи замон Фирӯзонфар Зарриндаст дароз намуда:
   Шумо писар ҳамчун одами бомаърифат медонед, ки ҳоло меҳмонро дар хонаи худ хобониданд аз мӯд баромадааст. Барои ҳамин ҳукумат сол ба сол адади корвонсаройҳоро зиёд менамояд...
   Фирӯзонфар Зарриндаст устодро аз зери кашашон нигоҳ дошта сӯҳбаткунон то поён фаромаданд. Ҳангоми хайру хуш дар чашмони онҳо ашк ҳалқа зад. Мавлоно Ахтари Гардун дуру дароз аз паси шоҳсутуни ояндаи адабиёт, ки оҳиста аз назар дур мегашт, бо умеду ифтихор нигариста монд.

                                  Хабиб Саид, Соли 1985, ш. Душанбе