"Ҳомо коммунистус" чӣ ҷондорест?


                                        "Ҳомо коммунистус" чӣ ҷондорест?
                                                                (гротеск)

   Мӯҳтарам Ж.Э. шумо дар номаатон навиштед, ки ман коммунистаму ба кадом гурӯҳи одамӣ мансубам? Услуби саволро ба миён гузоштанатон мантиқан хатост. Зеро коммунистон зи аҷдодӣ одамӣ нестанд. Гарчанде, ки дар фосилаи эволюсияи 73 сола дар Иттиҳоди Шӯравӣ аз "ҳомо сапиенс" (одами бошуур) намуди ҷадиде бо номи мубораки "ҳомо советиус" арзи вуҷуд намуд, вале коммунистон ба ин гурӯҳ марбут наяанд. Табиатшиноси бузурги швед, Карл Линей дар осори машҳури илмиаш - "Системаи табиат" байни шипанзеву "ҳомо сапеиенс", "ҳомо троглодитес" яъне одами ғорӣ,- ғулро гузоштааст, ки иштибоҳи маҳз аст, зеро "ҳомо троглодитес" фавран ба одамӣ бошуур табдил наёфтааст.

Дар зинаи гузариш байни "ҳомо троглодитес"-у "ҳомо сапенс" - "ҳомо коммунистус" меистод.
Шояд шумо бипурсед, ки "ҳомо коммунистус" чӣ намудесту аз одам чӣ тафофуте дорад? Агар мағзи сари "ҳомо сапиенс" ба ҳисоби миёна 1400 граммро ташкил диҳад, азони "ҳомо коммунистус" бошад аз 999 грамм поёнтар меистад. Бештар зиндагии рӯзона мебараду шаб дасисаву тӯҳматнома, нақшаҳои ифротиёнаашро баҳри фардо тарҳрезӣ менамояд. Нӯшокиҳои дӯстдоштааш барматухаи "МЭЛС"-у пивои серкафки "Ғалабаи 73-солагии Октябири Кабир" ба ҳисоб меравад. Хӯришаш чизе, ки аз наздаш барояд, не нагуфта ба меъдааш, ё чӣ туре, ки шумо мегуед, ба "ошқазонаш" равон месозад. Рӯзномаву маҷаллаҳои мақбулаш - "Правда", "Советская Россия", "Литературная Россия", "Молодая гвардия", "Наш современник" ба ҳисоб мераванд. Адибони маҳбубаш - Маркс, Энгелс, Ленин, Сталин, Брежнев, Черненко... Шуғли дӯстдоштааш маҳв намудани шахсиятҳои беҳтарини ҷомеъа, дину диндорон, масоҷиду осори фарҳангии гузашта, паҳнсозии вируси даҳшатангези "коммунизм" берун аз марзҳои хеш, лашкаркашию ғасби кишварҳои ғайр, низоъандози байни миллатҳо, омезиши миллатҳои мухталиф, ва аз ҳамаи онҳо бо номи "интернасионал" миллате сохтан, лофзаниву номардӣ, косалесиву дур
ӯғгӯӣ, фосиқию ғадр ба ҳисоб меравад. Пажӯҳишҳо нишон медиҳанд, ки ҳисси хунхории "ҳомо коммунистус" ниҳоят баланд буда куҷое, ки қадами “муборакаш” расад, он ҷо дарёи хунин ҷорӣ хоҳад шуд. Башариён ба дупои сархӯре, ки андар Иттҳоди Шӯравӣ ба воя расидааст, бо ҳарос менигаранд. Олимони дарборӣ, "ҳомо коммунистус"-ро аз "ҳомо сапиенс"боло мегузоранд. Дигар чӣ ҳам мегуфтанд? Ҳол он ки худ - ғуломони ҳалқа бар дӯши "ҳомо куоммунистус"-мебошанд. Дар кишварҳое, ки мусулмонон маскунанд, диндорон "ҳомо коммунистус"-ро дар сафи одамӣ дидан намехоҳанд, бинобарин онҳоро беҷаноза мегӯронанд. Бисёре аз давлатҳою созмонҳо ҳизбҳояшонро ғайриқонунӣ мехонанду бо неофашистону люмпенҳо(ҷандапӯшону пойлучон) дар як пода ҷой медиҳанд. Люмпенҳо такягоҳи ҳамешагии онҳост, ва аз номи ин тоифа пайваста ҳарф мезананд, зеро умумиятҳои зиёде онҳоро бо ҳам мепайванданд.
Мутаассифона, имконият надорам, ки сифатҳои "ҳомо коммунистус"-ро дар номаи кӯтоҳе ба шумо баён созам. Хоҳед, ки оиди пайдоиши хеш маълумоти муфассалтаре бигиред, ба китобҳои "Эволюсияи ҳомо коммунистус" ё "Зоопсихология" муроҷиат намоед. Дар осорхонаи "Дупоҳои думдор" метавонед, ки бо думдорҳои дар қарнҳои охир арзи вуҷуд намудаанд, хусусан бо хӯсаи "ҳомо коммунистус" шинос бишавед. Паж
ӯҳишгоҳи палеантология ба камина супориш дод, ки баҳри китоби "Думдорҳои муосир" боби "ҳомо коммунистус"-ро нависам. Агар насиб бошад шумо дар он оиди пайдоиши аҷдодатон маълумоти саҳеҳе хоҳед гирифт.

                             Ҳабиб Саид, соли 1991, ш. Душанбе