Қасос


                                                                     Қасос
                                                              (ҳикояи ҳаҷвӣ)

   Дастони бону барин нафису латифашро пеши бар гирифта муддати тӯлоние кулбаро давр зад. Ногаҳ нигоҳаш ба китоби зебо ороишёфтаи рӯи миз афтод, фавран дар чашмони айёри обакиаш шӯълаи нафрат аланга зад. Оҳ, нокас! Ту дар инҷоӣ? Оё ту набудиӣ, ки маро эътироф намудан намехостӣ? Обатро ончунон ҷафам, ки аз ту саҳифаҳои холӣ монаду халос. Ин рӯзи саидро дер боз интизор будам, кунун он даррасид ва онро аз даст нахоҳам дод...
Қоғазу хомаро гирифта ба курсӣ нишаст, ба нуқтае нигаҳ дӯхта ба уқёнус
ӣ фикру зикрҳои фаносозанда фурӯ бирафт, гӯё сарриштаи сухани аз даст бирафтаро меҷуст. Сонияе пас хома дар шитоб буд:

"Солҳои охир дар майдони адабиёти мо як зумра қаламбадастон ба ҷилва даромаданд ва Субур Убур яке аз онҳост. Ҳоло китоб навбатии эшонро варақ мезанаму сад афсӯс мехӯрам, ки кадом шахси масъул чунин қурутоби беравғану пиёзро ба нашр супоридааст. Шеъри дар саҳифаи нахустин дарҷгардидаро, ки "Дар кафшои пот ҷонуме, маълимаи
ҷун" ном гирифтааст мутоила хоҳем намуд:

Дар кафшакои биступанҷсумаат ҷонуме,
Кафшакота дар дарунаки дилакум монуме.

Бисёр хуб аст, ки муаллиф кафши ёрро васф намудааст, вале дар бораи истеҳсоли он, навъи чармаш, устои пошнабандаш, ваъзияти оилавии директори корхона, дӯконе, ки аз он кафши мазкур ба савдо рафтааст, ҳарорати ҳаво дар рӯзи харид, авҳоли мантупазе, ки дар даромадгоҳи д
ӯкон самбӯсаро ба нархи сихкабоб ба савдо мезанад, ҳаҷми пои ёр ва ғайра ба хонанда маълумоти саҳеҳе надодааст, ки ҳаводорони назмро дар ҳолати ғамангезу ногуворе мегузорад. Хусусан манзараҳои бӯсобӯсии муаллиф бо соҳибаи кафш, ки дар оғил мегузарад, ниҳоят сусту ноӯҳдабароёна баромадааст. Саҳнаи мазкурро, ки бозёфти ягонаи муаллиф дар маҷмӯа аст, дар боли дарахте ё манори осмонбӯсе мегузашт, ниҳоят олиҷанобу дилнишину дилрабо мебаромад..."
Садои занг хомаро аз ҳаракати барқосояш боздошт. Норозиёна аз ҷой бархост. Дар даромадгоҳ ҷавоне бо тӯрхалта меистод:
- Муаллим Субур Убур ба шумо салом гуфтанду ҳамин чизро ба ман дода хоҳиш намуданд, ки албатта ба
устод азизи мо бурда бирасон, он касро чанд сол боз меъдаашон азобу шиканҷҳои дӯзахин медиҳаду табибҳо гуфтанд, ки танҳо асали ноҳияи шоирпарвари мо он шахси мӯътабарро аз бадбахтӣ наҷот дода метавонад…
Филҳол дар рӯҳияш дигаргуние амалӣ гашт. Кунун ғайричашмдошт хирад маҳсули чанде пеш ба арзи вуҷуд овардаашро инкор мекард. Варақаи собиқро дур андохта навашро гирифт:
"Гулҳои баҳорӣ мавҷ мезананд, чун арӯсон табассумҳои латифе менамоянд, орувон аз лабони шакарини онон бӯсаҳо меситонанду сӯйи кохи хеш ба парвоз медароянд. Чӣ манзара гуворою лабро ба табассум моилкунандае! Бале, чунин манзараро танҳо фарде офарида метавонад, ки оташи илоҳӣ дар дил дорад ва ин нобиғаи вопасини садаи мо Субур Убур мебошад, ки ҳоло девони эшонро дар даст дорам. Дар адабиёти оламшумули мо ситораи дурахшоне, ки муосирон аз он сарсабзиҳои некро умед доранд, фурӯзон бигашт. Ҳазорсолаҳо мегузаранду вале номи ӯ..."
 Садои занг илҳоми ба туғён омадаро аз маҷрояш берун андохт. - Намемонанд, ки кори савоберо ба анҷом бирасонӣ. Ҳамон ҷавон назди дар меистод:
-
Муаллим, бубахшед, ки иштибоҳ намудаам, мебоист дастовези устодро ба хонаи 126 -ум ба ҳамкасбатон Абӯсуюн Абдусамад месупурдам, вале саҳван ба 26-ум овардаам...
Симояш гардуни пеш аз тундарро мемонд. Варақаи нахустинро ба наздаш кашида: "...Ҳар як фарде, ки ба даст хома мегираду ба дигарон роҳи ҳаётро, имрӯзу фардои инсониятро нишон медиҳад, худ бояд пеш аз ҳама баҳри дигарон оинаи ибрат бошад. Хислатҳои беҳтарини инсонӣ, ростқавливу родмардӣ, дастони пок..."

                             Ҳабиб Саид, соли 1985, ш.Душанбе