Нома


                                                            Нома
                                                          (ҳикоя)
                                                     Маҷаллаи "Занони Тоҷикистон",  феврали соли 1989
   Машина пардаи ҳарири боронро бурида дар назди бинои баландошёнае қарор гирифт ва аз он зани миёнасоле чатрро во намуда берун омад. Хам шуда ба гӯши ронанда чизе гуфт ва бӯсае бахшида ба самти даромадгоҳ раҳсипор гашт. Аз паёмдон рӯзномаву маҷаллаҳоро гирифта сарсарӣ аз назар гузаронида ба лифт даромад. Дар ошёнаи охирин хориҷ шуда дуру дароз анбонашро кофт ва билохир аз даруни майда чуйдаи зиёди бетартибона хобрафтаи занона калидро дарёфт. Борониашро кашида ба ойна наздик омада ба чеҳраи коҳидааш, ки далели ишратпарастиҳои бардавом буданд, зеҳн монд.
Гесуи аз пардозу ранги зиёди сунъӣ дода, ки латофати табииашро гум кардааст,
пешонаи пасти ба пеш баромадаашро қисман мепӯшонд, абрӯвони камонӣ, чашмони шаҳло, ки дар худ дурахши ноаёнеро ниҳон карданӣ мешуданд, бинии нозук, даҳони хурд, лабҳои сергӯшт, рухсораҳои пурра, - хуллас ҳамаи ин ҷузъиётҳои зоҳирӣ, - ҳусни аз олами тағрибот омадаро мемонд. Ожангҳои навдамидаи пешониашро дида афзоаш дигаргун гашт. Бо беҳавсалагиву сарддилии ба ашхоси аз ҳамаи кайфиятҳои мақбулу номақбули ҳаёт сершуда хос, худро болои диван ҳаво дод. Мудати зиёде бад-ин минвол ба сақф чашм дӯхта истод. Чизе ба хотираш расидагӣ барин, аз чояш нимхез шуда магнитафонро ба кор даровард, фавран фазои маҳдуди ҳуҷраро навои мағрибӣ фаро гирифт. Маҷаллаҳои овардаашро ба варақ задан даромад, сарлавҳаро аз назар гузаронида ду-се ҷумла мехонд ва медид, ки ба табъаш нанишаста истодааст, тез ба дигараш мечаспид. Ногаҳ аз байни саҳифаҳо номае афтид. Магнитофонро хомӯш сохта саросема номаро во намуд:
   "Бону муҳтарам! Шояд шумо дар лифофа номи каминаро дида дар ҳайрат афтед? Ба ғайр хома ба даст гирифтан, дигар роҳе набуд, корд ба устухон расид. Дар кулбаи паҳну парешон, ки валангори баъди набарди шадидро мемонад, ҳоло танҳоям. Лаҳзае пеш аз бемористон аз аёдати Робиа баргаштам, чунон абгору руҳафтодаам, ки имконияти хома ба даст гирифтанро надорам, вале ман бояд ин номаро бинвисам. Мункин оне ки аз ҳама барои ман азизтарину маҳбубтарин аст, бо ҳаёт падруд бигӯяд. Ӯро дирӯз шомгоҳон ҳамсоягон нимҷон шишаи сирко дар даст дарёфтанд. Ва он расмҳои сохтаи фисқу фуҷуре, ки бо онҳо нокасии маро собит карданӣ шудед, дар наздаш мехуфтанд ва онҳо ӯро ба ин гоми вопасин равон сохтанд. Албатта, ин паёмро шунида дар лабони шумо табассуми ваҳшиёнае падид хоҳад омад. Табассуме, ки дар он тинату хислатҳои манфуратон таҷассум меёбад. Аз пирӯзмандиатон биболеду садои дафро ба гардун бардоред. Шумо, сиёҳтинатон ҳамеша дар бадбахтии дигарон хушбахтӣ ҷустан мехоҳед, то рӯҳи дарандавори худро ором бисозед, нашъа баред! Ва танҳо даррандасират метавонад бо модаре, ки моҳе пеш писарашро дафн кардааст, чунин рафторро раво бинад. Ва ин шояд ягона нерӯе бошад, ки шумоёнро барои зистан водор месозад. Мутаассифона на ҳамаи атрофиён ин сифатҳои аҳриманонаатонро пай мебаранд, чунки ба симоятон ниқоби олиҷаноби зиёиро кашидаед ва он шуморо аз бисёр низоъҳо эмин медорад. Айёме каминаро ҳам ин ниқоб мафтун сохта ба вартаи шумо наҳангон тела дода буд. Ҳангоме, ки падари бузургворатон баъди туйямон дар санҷишгоҳашон ҷойи ходими илмӣ ва ҳимояи рисоларо дар муддати се сол пешниҳод намуданд, ман баъзе сабабҳоро пеш оварда ҷавоби радро додам ва он кас инро дар шаъни худ таҳқир ҳисобиданд. Дар куҷо шунида шудааст, ки ҷавони бекасу кӯй аз чунин имконият рӯй тобад? Охир ин рафтор бурҳони он буд, ки шавҳаратон аблаҳӣ сифр аст. Пас аз ин нигоҳи каҷи падару модаратон боз ҳам каҷтар гашт. Ман кӣ будам барои онҳо? Шахсе, ки на авлод дораду на мавқеи ҷамъиятиву на пулу мол! Оё шахсе, ки дорои чунин сифатҳост, одам номидан мункин аст? Асло не!(Ба ақидаи шумоён) Ман бояд ба шикам мехазидам, пойашонро мебӯсидам, ҳамчун яздони нек парастишашон мекардам, чунки ба ман барин нокас духтари яккаву ягонаашонро, гули сари сабади давронро ба занӣ додаанд. Пеш аз тӯй ҳам онҳо ба ин издивоҷи нобаробари ашрофу авом, бовиқорона менигаристанд. Танҳо нею нестони шумо онҳоро маҷбур сохт, ки ба ин тӯйи "нанговар" рухсат бидиҳанд. Сонитар орзую хаёлҳои ширин, сари сабуки шуморо тарк карданд ва ҷойи онҳоро таҳлили амалиявӣ гирифт. Акнун дар назди шумо "Маҷнун" не, балки ношуде меистод ки на ба курсии мансаб нишаста ва на барои шумо шароити олиҷаноб муҳайё карда метавонист. Дар ин кори "хайр" ваъзҳои падару модаратон, хешу ақрабоятон ва дугонаҳои "ултраатон" бенатиҷа намонданд. Шавҳаратон ба ҷойи он ки бо воситаи хешу ақрабоятон ба зинаи мансаб часпад, дар ким-кадом корхона ходими одӣ шуда кор мекард. Оё ин рафтори ӯ даҳшатангез набуд? Наход бо дипломи сурх ба кори сиёҳ машғул шаванд! (Ба фикри шумоён) Сонитар пайхас намуданд, ки дар бисёр масъалаҳои зиндагӣ, ҳаёт, инсон, мавқеи фард, - фикру ақидахоямон рост намеоянд.(Ҳоло ҳам) Ин шахсан ба падаратон дучанд сахтар мерасид. Чӣ тавр мешудааст, ким ким-кадом тиррончаки беному беунвон ақидаҳои ӯ барин олимро инкор мекардааст? Падаратон, ки бо хушомади зиёде соҳиби унвону мавқеъ гаштааст аз дигарон ҳам чунин рафторро талаб менамояд, то ором гардад, ки ӯ дар ин роҳ ягона нест. Дар санҷишгоҳ худашон баринҳоро гирд овардаанд. Ҳангоме, ки он кас баромад мекунанд ва ё сухан меронанд, шогирдонашон "бале"-гӯён ба ба сарҷунбонӣ медароянд ва ё лабони пуртабассумашонро аз симои мубораки он кас намекананд. Шумо падаратонро ливобардори содиқи илм мехонед! Афсӯс ки ин тавр нест! Падари шумо ва шогирдонаш дар илм мансабу мавқеъ ҷустан мехоҳанд, - бо ҳар роҳе ки набошад. Эшон хаёл доранд, ки ашхосе, ки унвони илмӣ надорад, бояд фикри фардӣ ҳам надошта бошад. Ва гумон доранд, ки он кас меваи беҳтарини дарахти инсониятанд. Саробе, ки ба дилетант хос аст. Шуморо низ ин варта ба коми хеш кашидааст. Барои як либоси нестандарҷаҳонро ба даст даровардан дар назди чандто "яктина" ишвафурӯшӣ мекунед, то баъд дар коргоҳу кӯча ҳама бо ҳавас ба шумо нигаранд. Ҳамаи он нигоҳҳо ба шумо чунон кайфияту ҳаловат мебахшанд, ки хешро яктои замон тасаввур намоед. Хурсандии ҳақирона, ки ба шумоён, хирадро да ихтёри меъда вогузоштагон, хос аст! Кӯшиш кардед, ки тасвири маро ҳам дар чорчӯбаи худ гузоред, вале ҳамааш барабас рафтанд! Лухтаки дасти шумоён нагардидам, чунки ба гуфтаи падари "пайғамбаратон" нокас будам ва нокас мемонам! Табиат маро барои он ба арзи вуҷуд наовардааст, ки бандаи ҷисм бошам! Ҳангоме ки шумо аз таваллуд кардан рӯй гардонидед ва хостед, ки бадани беҳамтоятонро ҳамеша бо тароват нигоҳ доред, дигар ҳамроҳ зистан аблаҳӣ мебуду бас. Косаи сабр лабрез гардид! Шумо аз он вазифаи олие, ки табиат ба зиммаи зан вогузоштааст, даст кашидед! Эгосетризим дар ҳасти шумо ончунон ташаккул ёфтааст, ки ба ғайр аз муҷассамаи осмонбӯси худ дар атроф дигареро намебинед. Барои хешро ба мақсаде фидо кардан дил доштан лозим! Бале, дил! Диле ки метапад, месӯзад, мегиряд. Мутаассифона дили шумо вазифаи биологиашро иҷро менамояду аз буҳронҳои ҳаётӣ дар канор аст. Барои шумо дили инсон чӣ зарурияте дорад? Чӣ тавре, ки шумо мегуед ба ҳама чиз бояд тавассути мизони фоида нигарист. Ҳангоме, ки падару модаратон фаҳмиданд, ки баро ҷудо шудан ба суд ариза додаам, ба даҳшат афтоданд. Чӣ хел рӯйи он нокас мешудааст, ки аз духтари олинасабашон рӯй гардонад? Шумо низ чунин анҷомро итизор набудед. Суд баъди кашокашиҳои зиёде маҷбур шуд, ки моро ҷудо созад. Шумоён чун болои лахча нишастагон, оромӣ намеёфтед, ҳазору як роҳи қасосгириро меандешидед, то ки будани худро ба рустоӣ нишон бидиҳед. Акнун шикоятномаву туҳматномаҳои манфур - ба ҷойи кор, милисия, суд, прократураву редаксияҳо пайи ҳам ба парвоз даромаданд. Падари муҳтараматон, ки худро зиёии асил меҳисобиданд, кунун аз туҳматҳои қабеҳтарин дар ҳаққи камина даст намекашиданд ва дар ин ҷабҳа фишанги устувори ёру ошноҳояшоро ба кор дароварданд. Бале, шумоён дар ин набарди нобаробар дастболо гардидед! Маро бо чунон услуби олиҷанобу айёронае маҷбур сохтанд, ки худ ариза навишта ҷойи корро тарк бигӯям. Баъди ин ғалабаи хоинона, шумоён чун сагони роҳгузарро аз мадди назар дур карда, муддате ором гардидед. Чандин сол пас хабар ёфтед, ки ман дар дигар шаҳр дар маркази илмие кор карда истодаам ва ҳатто рисолаи илмӣ дифо намудааму ва аз нав оиладор шудаам. Ин хабар барои шумоён зарбаи марговаре буд. Шумоён боварии комил доштед, ки ман фарди рӯҳан таназзул ёфтааму рӯзҳои худро дар майкадаҳо шом мекунам. Вақте ки маро ба марказ ба кор даъват карданд, дар дилҳои сиёҳатон он ифлосию нопокиҳо ба ҷӯш омаданд ва дар майнаҳои неандарталонаатон аз нав нияти қасосгирӣ сар зад. Бурди атрофиён шумоёнро ором насохта, баръакс меситезонад. Магар дарранда хомӯш нишаста метавонад, ҳангоме, ки сайдаш дар атроф сайру гашт дорад? Асло не! Акнун борони мактубҳои беимзо, ки дар бораи бевафоиву нокасиҳои ман ҳарф мезаданд ба сари завҷаи бечораам мерехтанд. Дар аввал ӯ ба ҳамаи ин бо шубҳа менигарист. Вақте ки мактубҳои беимзо пайи ҳам аз номи ким-кадом духтарҳои ҷабрдидаву шоҳидони фиребхӯрдаву озордида пайдо шудан гирифтанд, на суханҳои самимиву на савгандҳо азоби рӯҳии ӯро сабук сохта наметавонистанд. Агар одамон дар бораи шавҳараш чунин фикру ақида дошта бошанд, пас дар зери коса нимкосае ҳаст? Дигар чӣ гуна собит карда метавонистам, ки ману он шахсе, ки дар мактубҳо тасвир ёфтаанд, умумияте надорем? Буҳтонҳои шумоён дар мобайнӣ мо девори ноаёни нобовариро барафрохт, деворе, ки нурҳои хуршеди бахтро пароканда месозаду рӯяшро бо абри тира мепӯшад. Шумоён, растаниҳои дар торикию ифлосӣ раста, ки нури хуршедро надидаед ва ҳеҷ гоҳ чӣ будани ҳарорати онро дарк накардаед ва ҷуръати ба рӯшнои баромаданро ҳам намекунед, чунки нури он чашмони оҷизу пардагирифтаатонро - мерабояд. Шумоён танҳо аз торикӣ истода санг ғурронда метавонеду халос. Ман ҳайронам, ки чӣ тавр шуморо дӯст дошта тавонистаам? Чӣ гуна маро лӯхтаке, ки на дил дораду на ягон чизи муқаддас барояш вуҷуд дорад, мафтун сохта буд? Ё ин ки ҳусни зоҳириатон? На, балки дар ботини шумо падидаҳое аз инсоният зуҳур дошт ва ин шукуфаҳои нумӯ накардаро муҳите, ки дар он шумо вуҷуд доред, ноаён ба коми аждаронаи худ даркашид. Он муҳити сунъие, ки дар он ҳама чизро зоҳиран ба намоиш гузоштан мехоҳанд. Наход буду шуди ҳаёт дар он бошад, ки либоси олиҷаноб пӯшида, хуришҳои лазизро ба меъда ҷой кунӣ? То чӣ дараҷа ғояҳои ҳақирона нисбат мавқеи инсон дар ҳаёт! Шумо худро инсони ба зинаҳои олии тамаддун расида меҳисобед. Агар шумо ба хеш бо чашмони дигар назар меафкандед, асло ин сифатро намеёфтед. Ба ҷои он пироҳани нафисеро медидед, ки ба бадани ифлосу бадандоме пӯшонидаанд. Шумо инсон не, балки ашёед ки худатон барин аз замин кандашудаҳо, хамчун асбоби маишат истифода мебаранд, шахсан худатон ба касе лозим нестед, танҳо ҷисматон зарур аст, то нафси шавҳонии "маҷнунҳоятонро" ором бисозад. Шумо бо ҳазоу як услуб мехоҳед, ки ҳуснатонро нигаҳ доред, вале табиат ҳиссаи худро мегирад.
   Оҳ, агар инсон он заҳмате, ки ба зоҳираш сарф мекунад ба ботинаш равона месохт ӯ чӣ қадар зебо мебуду ва боз чӣ зебогиҳои беҳамтое меофарид!
   Кунун шумо ҳаёти озод ба сар мебаред. Аҷоибаш он ки озодиро ҳам шумо дар зоҳир таҷассум кардан мехоҳед? Роҳпаймоӣ, гуфтугузор, либоспӯшӣ, дағалияти мардона, - ана он сифатҳое, ки аз бар намудаед ва он зиндагии бебаҳраи танҳо барои таъминоти ҷисм сарфа кардаро шумо озодӣ меномед. На, балки ин бандагист! Озодии ҳақиқӣ - озодии шуур, фикри фард, чисм аст! Чунин истиқлолият ба осони ба даст намеояд. Барои ин ҳар як сония мубориза бурдан лозим, пеш аз ҳама бо Иблисе, ки дар ботини худ хуфтааст. Чӣ қадар шумоён оҷизу нотавонед бо тарзи зиндагониатон. Ё шумо баринҳо нишонаҳои аждодиашонро аз бӯзинаҳо нигоҳ доштаанд? Оё он хушбахтие, ки модар дорост, шумо дарк карда метавонед? Чунин хушбахтӣ шояд насибатон нагардад! Барои ин модар будан, ҳастии худро ба тифл бахшидан, ҳатто хешро фаромӯш сохтан лозим аст! Оё, ба чунин қурбонӣ қодиред? Асло не! Ҳоло ҳам ба худ намеоед, ки шумо барин зани беҳамторо шавҳараш тарк кардааст ва бо он ки аз шумо аз шумо фарсахҳо пастар меистад(Ба фикри шумо) хонадор шудааст. Робиа барин занҳо чун марвориди нодири зери уқёнус хуфтаанд, ки на ҳар ғаввос онро ҷуставу ба арзишаш расида метавонад. Бале, ин зани ба назари аввал одиву назарногир буд, ки баъди ҳамаи ин нокасию нокомиҳо, ки ба коми ботлоқи адам тела дода буд, маро ба по монд. Оё баъди ҳамаи он даҳшатҳо аз нав ба одам бовар намудан магар осон аст? На ба ҳар як фард муяссар мегардад, ки дар симои як зан - маҳбуба, зан, модар, хоҳарро,биёбад. Тоифаи шумоён ҳеҷ гоҳ бартарии дигаронро эътироф карда наметавонад. Афзалиятро шумо дар намуди зоҳирӣ, дар мавқеъ, дар иҷтимоиёт, дидан мехоҳед. Дар бораи бартарии ботини шумо ҳатто тасаввурот надоред! Зебогии ботинӣ ба шумо чӣ зарурияте дорад? Ӯро ба намоиш гузошта намешавад, то дигарон бубинанд.
   Шумо гумон кардед,ки бо ҳамаи ин нокасиҳоятон маро маҷбур месозед, ки дар наздатон ба ишкам мехазаму узр хоҳам пурсид, то амалиётатонро қатъ намоед. Ҳеҷ гоҳ! То дар назди шумоён сар хам намудан... Шумоён на нерӯи мубориза бурданро дореду на ба мубориза тоб оварданро. Наход шумоён барин нокасон маро ба зону шинонда тавонанд? Ҳеҷ гоҳ! Ман то кунун сабр кардам, ки шояд рӯзе дар ботини шумо нури хирад роҳ ёбаду шуморо аз ин пешаи паст раҳо созад, вале шӯълаи идрок дар назди нокасиҳои шумо оҷиз будааст. Барои ин кирдорҳои манфуратон дар назди қонун ҷавоб хоҳед дод..."
   Авзояш тамоман дигаргун гашт, гӯё тамоми сиёҳии дар ботинаш ниҳон хуфта ин сонияҳо дар чеҳрааш зуҳур карданд. Симояш гардуни пеш аз тундарро мемонд. Монанди даррандаи захмдоршуда ба худ мепечид, аз шиддати ғазаб дастонашро мегазид, фиғон мекашид... Гӯё каждумро мекушта бошад, номаро бо пояш пахш намуда бар болои фарш мешакид...


                                    Ҳабиб Саид, соли 1985 ш.Душанбе