Буте, ки дил мехӯрд


                                                        Буте, ки дил мехӯрд
                                                                  (новелла)
   Пироҳани нафис пайкари саврандомро ба оғӯш кашида аз ин гӯё чун Маҷнуни ба висол расида хушнуду масрур аст. Ангуштони нозуки акобирона ба даҳони латиф оҳиста пораи дили бирёнро мегузорад, дандонҳои оҷмонанд сонияе пас ба пора намудани он мепардозанд. Симои дилрабову падидае аз ғаму андӯҳи дунявиро дар хеш таҷассум насохта дар лаҳзаи нахустини дидор касро афсун намуда хирадро карахт месозад ва он ҳине ки ба худ омада ба таҳлили ин шоҳкории табиат оғоз менамоед, шуморо даҳшати ниҳоние фаро мегираду дар бадан рашъа медавад. Ин эъҷози зиндаи даҳр дар чашмони наргиси шаҳло сардии нафратангезеро нисбати инсон сабт намудааст. Маликае, ки азамати
нерӯи маҳвсозандаи худро дарк месозаду ҳазорон ҷонҳое, ки баҳри нақшаҳои худпарастонаву волояш фидо мешаванд, ба сони пари пашшае дар мадди назараш, арзише надорад.
Худоё, баҳри чӣ ба ин "язди заминӣ" аслиҳаи даҳшатангезеро ато намудаӣ, ки ҳусн ном дорад? Силоҳе, ки сари сабзи родмардони бешумореро ба қурбонӣ биовардааст ва аз ин ҳатто мижае ба ҳам намезанад. Ин сонияҳо дар лабони майгуни чун муғчаи гули арғувонӣ вошаванда табассуми таҳқиромезе падид меояд. Ба ҷом бодаи ноб рехта, ба пораи дили вопасини дар зарф монда, ки сарнавишти хешро интизор аст, бо тамасхури сард нигарист. То кунун ягон диле, ки баҳраш фидо кардаанд, чунин лазизу дилкаш набуд. - Оҳо, чӣ гуна ӯро хору зор нанамудааст, вале боз шайдову бандаи ӯст. Ӯ худои ҳусн аст, ҳамагон бояд дар наздаш сари таъзим фуруд биоваранд, парастишаш кунанд, мафтунаш шаванд, суханҳои ширину гувор бигӯяндаш, гулҳои зебову атрогин, пероҳани нафису назаррабо
ҳадя бинмоянд, қиссаву достонҳо дар васфаш бинвисанд, ҷонҳои азизи хешро баҳраш бисупоранд, сухане, ки аз даҳони ӯ ҳоло ба фазо бол назадааст, филфавр амалӣ бигардад. Имрӯз зи Маҷнуни ягонае, ки ҳамаи саддаҳои вогузаштаашро сипарӣ бисохт, аз ҳама чизи волотарин дилашро дархост ва ӯ сонияе наандешида он дили абгору сӯхтаву пора - пораи хуншорро барканду бурун овард ва ба наздаш бигзошт.
- Эй одамӣ, наход дар кохи хаёлотат умеде зуҳур намудааст, ки ман насиби ту бишавам, ин фикри пучро зи сар дур бисоз! Худоё, бо ин ҳусни оламгиру оламсӯз магар ҳамнишину роздони инсон бишавад! Аблаҳ! Ҳа-ҳа-ҳа-ҳа... Чӣ хандаи мудҳишу бераҳмонае!
- Эй хуношомида, ту худ зодаи инсонӣ, ин ханда баҳри чист? Ё шаҷараи ту аз Чингизу Темур оғоз мегирад? Аз шахсияти ночизу оҷизи хеш худо масоз!
   Бо таҳаюру ҳарос ба атроф нигаҳ андохт. Инсоне набуд. Пас ин садо аз куҷост?
- Наҷӯй, эй нозанини одамсурату даррандасират, ин ман пораи дилам, ки бо ту сухан мегӯям!
   Сарвпайкар нобоварона ба пора нигарист:
- Худоё, то кунун бо чунин густохӣ бо ман касе сухан накардааст, ту оё медонӣ бо к
ӣ ҳарф мезанӣ?
- Бале, аблаҳе, ки мафтуни ҳусни хеш гаштааст.
- Хамӯш!!! Эй бадафт! Медонӣ чӣ родмардоне баҳри як табассум, як сухан, як нигаҳи ман ҷон фидо намудаанд?!
- Ҳамаи он тиҳимағзон хӯсаеро ба бут табдил доданд, бехабар аз он ки ба даррандаи дилхӯре саҷда меоранд. Магар ту ба муҳаббати илоҳӣ шоистаӣ, эй хунхор?!
- Аз ин бармеояд, ки соҳиби ту низ аблаҳ аст?
- На, ӯ бояд маҳбуберо, ки дили ҳассосу дардпарастро дорост, дӯст медошт, вале бо доми ҳусни сеҳргаронаи ту биафтид ва дар хеш нерӯеро наёфт то аз ин сароби фаносозанда фирор бинмояд.
- Бале, ман худои ҳуснам, инсонзодагон бо ман баробар нахоҳанд шуд!
- Ҳусн чун ҳаёт даргузар аст, тасаввур бинмо: мудате пас аз ин пайкари симин ному нишоне нахоҳад монд. Ба вуҷуд омадани ҳар хати ожанге, мӯйи сафеде, чарби барзиёде туро ба даҳшат меорад.
- Даҳони наҳсатро пӯш, ҳусни ман ҳеҷ гоҳ аёми хазонрезро нахоҳад дид!
- Вале рӯзе дархоҳад расид, ки зи ту зиштрӯйтар зане дар гетӣ нахоҳ буд!
- Хамӯш!!! Вагарна туро фурӯ хоҳам бурд!
- Маро низ фурӯ бурдании? Ҳа-ҳа-ҳа-ҳа-ҳа!... Ман падидаи маргам! Баҳрат омадаям ва он рӯз даррасид! Ман фиристодаи онҳоям, ки ту азобу ранҷ додиву таҳқирашон кардаӣ. Имрӯз ҳисоби хешро бояд баробар созем ва рӯҳи ҳумоюни он рафтагонро шод бинмоям.
- Худоё, ту маргӣ? Чӣ афсонае! Ана ба ту! Нозанин бо як ҳаракати барқосо дилро ба даҳон партофт. Дандонҳои садафмонанд фавран ба кор пардохтанд, вале дил реза намегашт. Малика дид, ки дандонҳо дар ҷазо додани густох оҷизанд, хост фурӯ барад ва бо ҳамин адаби бебокро бидиҳад. Пора сабук лағжида рафта дар миёни гулӯ дармонд. Дами нозанин гирифт, чашмони шаҳло аз косахонаашон баромаданд. Зуд даст ба ҷом зад, то равзанае баҳри нафаскашӣ бикушояд, вале шароб рахна насохта пас гашт. Сонияҳо дар гузар буданду набарди ҳаёту мамот дар авҷ, хост фарёди имдодхоҳонаеа бизанад, аммо садое набаромад. Дар талоши ҷон гаваккашон ба сӯи баромадгоҳ ҳаракат намуд. Дарро во намуданӣ шуд, лекин дасташ ба дар даста нарасид, ба девор часпида пайкарашро рост намуд ва вазни хешро дошта натавониста, чун дарахти табархӯрда вожгун болои фарш дароз кашид. Пас аз чанд сонияе чашмони наргиси шаҳлои хунполо абадан пӯшида шуданд.

                                Ҳабиб Саид, соли 1989, ш. Душанбе